ҲИЗБИЁНИ КӮЛОБ ДАР ОБОДИИ ВАТАН САҲМГУЗОРАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо истифода аз обу ҳавои мусоид дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мирипок” маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти корҳои созандагию ободонӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мирипок » иштирок намуданд.

Ногуфта намонад, ки дар ин ҳашари дастаҷамъона зиёда аз 60-адад дарахтони арча дар гирду атрофи бино  шинонда шуд, ки ҳусни дигаре ба ин макон зам намуданд. Дар ин баробар бо зиёд намудани дарахтони сабзу ҳамешасабз метавонем, ки дар ҳифзи муҳити атрофи ва нигоҳдошти атмосфера ҳисссагузор бошем.

Чунин корҳои созандагию бунёдкорӣ мунтазам аз ҷониби ҳизбиёни Кӯлоб идома хоҳад ёфт.