БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “С.САФАРОВ”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С.Сафаров” маҷлиси падару модарон баргузор гардид. Дар ин маҷлис волидайн ва омӯзгорон иштирок намуданд. Вохӯриро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С.Сафаров” оғоз бахшида, оид ба зарурияти ин гуна вохӯриҳо суханронӣ намуд. Дар навбати аъзоёни ташкилоти мазкур ба сухан баромада, ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", шомил нагаштани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, сатҳу сифати дониши ҷавонон ва ғайра маърӯзаҳо ироа намуданд. Дар ҷамъбасти маҷлис байни волидайн ва омӯзгорон саволу ҷавоб ташкил шуд, ки ба аксарияти саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас дода шуд.