ИДОМАИ ТАРҒИБИ ПАЁМ МИЁНИ АҲОЛӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҷ. Зиракӣ-2” бо сокинони маҳалла ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “ҷ.Зиракӣ”  Боронов  Нурулло  ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аснои вохӯрӣ аз ҷониби ҳозирин вобаста ба Паёми Президенти мамлакат суханронӣ гардида, қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат дастурамалест дар роҳи анҷом додани корҳои неку созанда ва ҳар як шахси ҳар яки моро водор месозад то ба халқу ватан содиқона хизмат намоем.

Дар фарҷом аз тарафи сокинон ба баромадкунандагон саволҳо пешниҳод шуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.