ПАЁМ - РОҲНАМО ВА ТАШАККУЛДИҲАНДАИ ҶАНБАҲОИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ МАМЛАКАТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 9 январи 2024 дар ташкилоти ибитидоии ҳизбии “Технолог” дар мавзуи "Паём - роҳнамо ва ташаккулдиҳандаи ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат" баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба таълим н.и.т Қурбонзода Бобохон, муовини ректор оид ба илм ва татбиқот н.и.т. Исоев Собир, муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ н.и.т Ҳакимов Искандар, муовини ректор оид ба тарбия н.и.п. Холматова Муъмина деканони факултет, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, марказҳо, мудирони кафедраҳо омӯзгорону кормандон иштирок намуданд.

Муовини ректор оид ба таълим н.и.т. чорабиниро оғоз бахшида дар суханронии хеш нуқтаҳои муҳими паёмро мавриди бараси қарор доданд.

Инчунин муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Исоев Собир, доктори илмҳои сиёсӣ Назарзода Пиралӣ, декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ н.и.и Асоев Баҳодур дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаҳои илмӣ намуданд.