КОНФЕРЕНСИЯИ МУАССИСОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ДАРМОНБАХШИ ЗАМОН”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси талаботи Оинномаи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо розигии Роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоят, хамзамон, пешниҳоди роҳбарияти Кумитаи  иҷроияи ибтидоии “Дармонбахши замон” даъват гардидааст.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин Конференсияи муассисонӣ Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дармонбахши замон” кори худро оғоз намуд.

Дар кори Конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз, фаъолон, сардори раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб Рустамов Шарофиддин,  аъзои Раёсат Асозода Ҳотам Раҷаб, сардухтури беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Абдулмаҷид Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб Шомадов Ниёзмад ва васоити ахбори оммаи ҳизбиву давлатӣ иштирок намуданд.

 Нахуст, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб иштирокчиёни маҷлисро бо рӯзномаи конференсия шинос намуда, бо овоздиҳии иштирокдорон онро тасдиқ намуд.  

Рӯзномаи Конференсияи якуми муассисони Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дармонбахши замон” пешниҳод гардида буд:

  1. Таъсиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии дар заминаи ташкилоти ибтидоии “Дармонбахши замон”;
  2. Номгузории Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ;
  3. Интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ;
  4. Масъалаи ҷорӣ;

Дар идомаи Конференсияи муассисон, Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дармонбахши замон”таъсис дода шуд. Оид ба масъалаҳои якум дуюм ва сеюм қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пешниҳод мегардад. Сипас, аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз, сардори раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб Рустамов Шарофуддин,  аъзои Раёсат ва КИ Асозода Ҳотам Раҷаб, сардухтури беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Абдулмаҷид Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб Шомадов Ниёзмад масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд: Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!”; самаранок истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ.

Инчунин, баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалин маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дармонбахши замон” баргузор гардид, ки дар он раис, муовин ва аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дармонбахши замон” интихоб гардиданд.

Дар охир аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дармонбахши замон” ваъда доданд, ки дар корҳои он фаъолона иштирок намуда, дар пешрафти фаъолияти ҳизбӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

 

ШУЪБАИ ТАБЛИҒОТ, ИТТИЛЛОТ

ВА МАТБУОТИ КИ ҲХДТ

ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ