ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАЪМИРИВУ АЗНАВСОЗӢ ДАР ДОИРАИ ТАШАББУСИ “МАКТАБИ МАН”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Ташабусҳои ҳизбӣ имрӯзҳо ҳамовозӣ пайдо карда, дар доираи онҳо корҳои созандагиву ободонӣ бо маром идома доранд. Дар доираи ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чорбоғ” корҳои таъмириву азнавсозӣ рафта истодааст.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чорбоғ” ба таври ҳашар саҳни бинои муассисаи худро аз сангҳову партовҳо тоза намуда, таъмир намуда истодаанд.