АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН ВА ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД АЗ ҶОНИБИ УЗВИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲХДТ, РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ НАЗАРЗОДА БАХТИЁР ХУДОЁР ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ 2024.

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати ғамхорона ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид дар доираи таҷлил аз Соли нави 2024, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо раисони собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Кӯлоб ба аёдати собиқадорон ва шахсони имконияташон маҳдуд, рафта онҳоро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли нави 2024, табрик намуда барояшон умри бобаркат ва тансиҳатию рӯзгори босаодтаро таманно намуданд. Имрӯз низ дар доираи ҳамин сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид барои Шумо кӯмаки яквақтаина овардем, ки ин иқдом дар оянда низ идома меёбад. Шумо ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доред ва меҳнати Шумо ҳамеша қадр карда мешавад изҳор дошт зимни суҳбат раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр. Ҳамзамон собиқадорон, ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда дар ҳақи Пешвои миллат даст ба дуо бардошта дар ҳақашон дуои нек намуданд ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳи абадиро орзу карданд.