ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДИ ШАҲРИ КӮЛОБ КУМАК РАСОНИДА ШУД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

30.12.2023 дар доираи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои хайрхоҳонаву ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Худойдодзода Шарофат ва дигар шахсони расмӣ ба як қатор оилаҳои ниёзманди шаҳри Кӯлоб кӯмак расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки ёрӣ расонидан ба оилаҳои ниёзманд, нафарони бепарастор ва ятиму барҷомонда амали шоистаи инсонист. Чунин дастгириҳои эҳтиёҷмандон мавсимӣ набуда, минбаъд низ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба роҳ монда мешавад.