ТАБРИКОТ ВА КӮМАК БА НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои хайрхоҳонаву ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб - Саидзода Мирзоалӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ амали хайриявӣ роҳандозӣ кардат шуд, ки боиси хурсандӣ ва арзи сипоси қишри ниёзманди ҷомеа гардид. Дар арафаи фарорасии Соли нав мавсуф ба хонаҳои ниёзмандон, хусусан, собиқадорону маъюбон ташриф оварда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

Зимни ташриф аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб гуфта шуд, ки масъалаи дастгирии моддии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, нафарони имконияташон маҳдуд ва шахсони ба онҳо баробар, ҳамеша дар маркази диққати Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки аёдати беморону ниёзмандонро минбаъд низ идома дода мешавад. Бахусус, дар арафаи ҷашнгирии идҳои кишвар ва рӯзҳои таърихӣ то баргузории ҳамагуна маъракаю чорабиниҳо барояшон хушу хотирмон гардад.