ОМӮЗИШИ ҲУҶҶАТҲО ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОСОРХОНА”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2023” гурӯҳи корӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона”  дидан намуд.

Гурӯҳи корӣ саравал доир ба Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки мутобиқи рӯзномаи он вазифаҳои ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикиистон ҷиҳати амалӣ гардонидани ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри густариши эҳсоси ватандустӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон суҳбат намуда ва ба роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизби дастуротҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.

Баъдан, аз тарафи гурӯҳи корӣ ҳуҷҷатнигории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ омӯзиш карда шуда, ба роҳбари ташкилоти мазкур дастур дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлати кутоҳтарин ислоҳ намоянд.

Инчунин, зимни омузиш масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд: Танзими ҳаракати аъзои ҳизб ва саҳм гузоштан дар рушди фаъолияти ҲХДТ.

 

Шуъбаи таблиғот, иттиллот

ва матбуоти КИ ҲХДТ

дар шаҳри Кӯлоб