БОБОҶОН ҒАФУРОВ-РАВШАНГАРИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТИ ТОҶИК.

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БОБОҶОН ҒАФУРОВ-РАВШАНГАРИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТИ ТОҶИК.

Таҳти ин унвон санаи 19-уми декабр дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директор оид ба таълим Ҳусейнов З.А. ҳусни оғоз бахшида, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро аз номи маъмурияти муассиса ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, фарзанди фарзонаи миллат, академик Бобоҷон Ғафуров табрик намуд. Сипас, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз, муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии муассиса,  номзади илмҳои таърих Шарифзода Ш. Ҷ., Омӯзгори калони кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Исуфов Шердил, роҳбари бахши идоракунии сифати таҳсилоти муассиса Раҳимов А бо маърӯзаҳои худ оид ба саҳми Бобоҷон Ғафуров дар бунёдгузории мактаби нави таърихшиносии тоҷик, ташаккули адабиёт ва санъати тоҷик ва дигар паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров баромад намуданд.  Дар ҷамъбасти конференсия муовини директор оид ба таълим барои иштироки фаъолона ва маърӯзаҳои пурмазмун ба иштироккунандагон ва баромадкунандагон миннатдории маъмурияти муассисаро расонид.