МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БЕМОРХОНАИ ЧАШМ”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “БЕМОРХОНАИ ЧАШМ” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2023 баргузор гардид. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Файзов Сайфулло оғоз намуда, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида гузориш дода, зикр намуд, ки сол то сол сафи аъзои ҲХДТ зиёд гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эътиқоду эътимоди сокинони кишвар ҳамарӯза нисбати ин ҳизби созандаву бунёдкор зиёд гардида истодааст.

Дар соли сипаригардида масъулини ташкилоти ибтидоии «БЕМОРХОНАИ ЧАШМ» дар чорабиниҳои сиёсии фаъолона ширкат варзиданд. Соли сипаригардида барои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бисёр соли таърихию санҷишӣ буд, ки мо дар якҷоягӣ тавонистем ба ҳадафҳои сиёсии худ ноил гардем.

Дар охири Маҷлис як чанд аъзои ҳизб баромад намуда аз дастовардҳои даврони истиқлол суханрони намуданд. Ва инчунин, ташаббусҳои байнамилалии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.

Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб