АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ ТАҲТИ УНВОНИ "ҲХДТ-29 СОЛ БО ХАЛҚ "

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери ин унвон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар шаҳри Кӯлоб ва  намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Кӯлоб  бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар  хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб аксия гузаронида шуд.

Дар ҷараёни аксияи мазкур масъулин  шаҳрвандонро ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрик гуфта, ба онҳо варақаҳои таблиғоти тақдим намуда акси хотирави гирифтанд.