ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ РОҲБАРИ ОЛИИ ҲИЗБ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ ШУДА ИСТОДААСТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириву кӯмак намудан ба маъюбон, бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” ба якчанд донишҷуёни  Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А", ки дорои маъюбии дараҷаҳои гуногун мебошанд кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” онро ба маъюб расониданд.

Зини суҳбат Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода ва роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” қайд карданд, ки тибқи қатъномаи 47/3 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 3-юми декабри ҳар сол дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил карда мешавад.

Ҳадафи он мусоидат ба ҳуқуқи маъюбон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад.

Маъюбон ҳамеша таҳти ғамхории давлату Ҳукумати кишвар, хосатан Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар охир баҳри болидахотирии маъюбон дастурхон ороста шуд.