БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ЧИНОР”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чинор» Шеров Зоиршо ва дигар шахсиятҳои расмӣ, чорабинии тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар баргузории чорабинии тантанавӣ  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чинор» бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳанги баргузор намудани «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда қайд намуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.