ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ИСМОИЛИ СОМОНӢ ”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Исмоили Сомонӣ 3» бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Исмоили Сомонӣ 3» Воҳидова Рафоат ва дигар шахсиятҳои расми, чорабинии тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар баргузории чорабинии тантанавӣ  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Исмоили Сомонӣ 3» бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳанги баргузор намудани «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», баромад намуда қайд намуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба як қатор фаъолон бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.