САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН БАРАКАТИ ХУДРО ДОРАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалисозии барномаҳои давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи самараноки замин, дар шаҳри Кӯлоб тадбирҳо амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву пиёз, помидор ва дигар зироатҳои ғалладонагию полезӣ зиёд карда шудааст.

Мувофиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар қитъаи замин самаранок истифода шуда, заминдорон талош меварзанд, ки аз як замин ду-се ҳосил ба даст биёранд.

Масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз заминҳои назди МТМУ №27  дидан намуда, онҳоро ба меҳнати софдилона дилгарм сохтанд. Заминдорон низ дар навбати худ ваъда доданд, ки баъди бардоштани ҳосил боз ба коркарди дуюмбораю сеюмбораи замин машғул шуда, ба ин васила мехоҳанд аввалан талаботи худ ва бозорҳои дохилиро таъмин намоянд.