ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ТАҶАССУМГАР ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ МОСТ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Таваллудхонаи шаҳрӣ ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ мазкур роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ – Бобохонова Шаҳло мудири шуъбаи кор бо  ҷавонони  КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Шоева Дилноза  ва дигар нафарони расмӣ иштирок доштанд.

Нахуст, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ – Бобохонова  Шаҳло  баромад намуда, изҳор доштанд, ки воқеан, Парчами давлатӣ рамзи ваҳдату ягонагӣ, ватандорию ватандӯстӣ, ва хештаншиносию худогоҳӣ ба ҳисоб рафта, роҳи моро дар ҷодаи анҷом додани амалҳои созандаву бунёдкорона мунаввар месозад.

Ҳамчунин, зимни суханронии хеш мудири шуъбаи  кор бо ҷавонони  КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Шоева Дилноза  қайд намуданд, ки маҳз бо дастгириҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат парчами мо дар байни тамоми мамлакатҳои дунё мақому манзалати худро ёфтааст ва моро месазад, ки дар зери ин муқаддасоти миллӣ бо ҳам мутаҳид шуда, баҳри рушди кишвари азизамон талош варзем ва пайгири сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.

Дар охир аз ҷониби иштирокдорон  суолҳо пешниҳод карда шуд ва онҳо ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Шуъбаи таблиғот, иттилоот

ва матбуоти КИ ҲХДТ

дар шаҳри Кӯлоб