ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОЯНДАСОЗ”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “ Ояндасоз ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир  гардид.

Дар вохӯрӣ мазкур роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ – Демтанаева Гулсара мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Мунавараи Бозоралӣ  ва дигар нафарони расмӣ иштирок доштанд.

Нахуст, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ – Демтанаева Гулсара  баромад намуда, изҳор доштанд, ки воқеан, Парчами давлатӣ рамзи ваҳдату ягонагӣ, ватандорию ватандӯстӣ, ва хештаншиносию худогоҳӣ ба ҳисоб рафта, роҳи моро дар ҷодаи анҷом додани амалҳои созандаву бунёдкорона мунаввар месозад.

Ҳамчунин, зимни суханронии хеш мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Мунавараи Бозоралӣ қайд намуданд, ки маҳз бо дастгириҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат парчами мо дар байни тамоми мамлакатҳои дунё мақому манзалати худро ёфтааст ва моро месазад, ки дар зери ин муқаддасоти миллӣ бо ҳам муттаҳид шуда, баҳри рушди кишвари азизамон талош варзем ва пайгири сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.

Дар охир аз ҷониби иштирокдорон  суолҳо пешниҳод карда шуд ва онҳо ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.