БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “АВТОДРОМ” ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ШУД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Автодром» чорабинии тантанавӣ бахшида ба 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, Сафаралӣ Бозорзода иштирокчиии иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори муассисаи давлатии Телвизиони Кӯлоб, раиси ташкилоти ибтидоии “Автодром”  ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Нахуст, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим  ҳозиринро ба ин санаи таърихии Иҷлосияи тақдирсози миллати тамаддунофари тоҷик ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, инчунин,  аз лаҳзаҳои баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд.

Сафаралӣ  Бозорзода  дар навбати худ ба сухан баромада, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид ва ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд.

Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

 

ШУЪБАИ ТАБЛИҒОТ, ИТТИЛООТ ВА МАТБУОТИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ