ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИ БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С. Шерозӣ”  бахшида ба 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ дар мавзуи “Бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем!” баргузор гардид. Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С. Шерозӣ” Холмуродова Ҷамила ифтитоҳ бахшида, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро бо ҷашнҳои муҳими давлатӣ шодбош намуданд. Зимни баромади худ иброз доштанд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими истиқлолият, рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии кишвар нақши муассир дорад. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С. Шерозӣ” Холмуродова Ҷамила тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 16 ноябр таҷлил гардидани Рӯзи Президентро дар Тоҷикистон бо назардошти хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, барои корнамоиҳои беназир дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, демократикунонии ҷомеа, таъмини тамомияти арзӣ, пойдории давлат ва хизмати содиқона ба халқу Ватан арзёбӣ намуданд. Дар кори чорабинӣ хонандагон оид ба нақш ва аҳамияти Иҷлосияи тақдирсози таърихӣ ва корнамоиҳои барҷастаю беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаҳо баромад намуданд.