ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИ БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ПАНҶОСИЁБ”ДОИР ГАРДИД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Панҷосиёб”  бахшида ба 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ дар мавзуи “Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем!” баргузор гардид.

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Панҷосиёб” Шомадова Зарина ифтитоҳ бахшида, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро бо ҷашнҳои муҳими давлатӣ шодбош намуданд.

Зимни баромади худ иброз доштанд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими истиқлолият, рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии кишвар нақши муассир дорад.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Панҷосиёб”  Шомадова Зарина тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 16 ноябр таҷлил гардидани Рӯзи Президентро дар Тоҷикистон бо назардошти хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, барои корнамоиҳои беназир дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, демократикунонии ҷомеа, таъмини тамомияти арзӣ, пойдории давлат ва хизмати содиқона ба халқу Ватан арзёбӣ намуданд.

Зимни чорабини хонандагон  оид ба нақш ва аҳамияти Иҷлосияи тақдирсози таърихӣ ва корнамоиҳои барҷастаю беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаҳо баромад намуданд.