АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАҲОИ МУХТАЛИФ АЗ ҶОНИБИ РОҲБАРИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ.

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз дар доираи сиёсати ғамхорона ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид дар доираи 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо собиқадорон ба аёдати кормандоне, ки дар рушду нумуи Тоҷикистони азизамон солҳои туллони саҳми босазо гузоштанд боздид намуд ва зимнан аз таърихи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 31 солагии Иҷлосияи16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд суҳбати самими анҷом доданд. Таъкид шуд, ки Роҳбари давлат , Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ раҳо кард, гурезагонро ба ватан баргардонд, умеди зиндагии дубораро ба халқи Тоҷикистон бахшид, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромии кишвар зиндагии шоиста доранд ва ҳар лаҳзаи ин рузҳоро бояд мо шукрона кунем, ки чунин роҳбари хирадманду одил ва дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорем. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зимни аёдат кӯмакҳои навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро ба собиқадорон, пирони рузгордида расонид ва иброз дошт, ки Шумо ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доред. Ҳамзамон собиқадорон низ ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда дар ҳақи Пешвои миллат даст ба дуо бардошта дар ҳақашон дуои нек намуданд ва иброз доштанд, ки мо ҳамеша дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор ҳастем ва то рузе, ки ҷон дорем баҳри амали гардидани дастуру супоришҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон саҳми худро мегузорем ва дар таълиму тарбияи насли имруза ва онҳоро дар руҳияи худшиносию худогоҳи ва ифтихори ватандорӣ тарбия менамоем.