КӮМАК НАМУДАН БА НИЁЗМАНДОН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ.

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

КӮМАК НАМУДАН БА НИЁЗМАНДОН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ.

Дар доираи сиёсати ғамхорона ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид дар доираи 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии комунналӣ, Корхонаҳои давлатии фаръию ниҳолпарварӣ, кабудизокунӣ ва истеҳсолию истифодабарии манзили шаҳри Кӯлоб мулоқот намуда вобаста ба 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кормандон табрик намуда изҳор дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири миллатро ҳал кард ва фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат ворид кард, ки имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон зери сиёсати ғамхоронаву падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар бурда истодаанд, ки ин аз заҳмату талошҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар гувоҳи медиҳад. Имрӯз низ дар доираи ҳамин сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид барои Шумо кӯмаки яквақтаина овардем, ки ин иқдом дар оянда низ идома меёбад. Шумо ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доред ва меҳнати Шумо ҳамеша қадр карда мешавад. Дар интиҳо модарон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда дар ҳақи Пешвои миллат даст ба дуо бардошта дар ҳақашон дуои нек намуданд ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳи абадиро орзу карданд.