АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ "БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИФТИХОР ДОРЕМ!"

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери ин унвон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар шаҳри Кӯлоб ва  намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Кӯлоб  бахшида ба 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб аксия гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксияи мазкур масъулин  шаҳрвандонро ба муносибати 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бо овезаҳои таблиғотӣ, ки дар онҳо  акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос ёфтааст бо ифтихори баланди миллӣ тақдим ва акси хотиравӣ гирифтанд.