МУСОБИҚАИ ШАШКАЮ ШОҲМОТ БАХШИДА БА 31-УМИН СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С. Сафаров” бахшида ба 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди шашкаю шоҳмот байни хонандагону омӯзгорони МТМУ №3 гузаронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи мазкур бахшида ба 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ шуданд.