АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ ПРЕЗИДЕНТИ МАН! ИНТИХОБИ МАН! ИФТИХОРИ МАН!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери ин унвон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” ва ТҶҶ "Созандагони Ватан" - и назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог”  аксияи тарғиботӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ва хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд.

Дар ҷараёни аксияи мазкур мутасаддиён роҳбарият, устодону кормандону донишҷӯёни Донишкада ва шаҳрвандонро ба муносибати 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бо овезаи Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман! ки дар он акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос ёфта аст бо ифтихори баланди миллӣ акси хотиравӣ гирифтанд.

Ногуфта намонад, ки аксияи мазкур то таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.