БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ТУДАКАВШ» БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Конститутсия қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.

Аз ин хотир дар доираи нақшаи чорабиноҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Тудакавш” конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бахтномаи миллат” баргузор гардид. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тудакавш” ва дигар шахсони расми иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар охир миёни иштирокдорон ва баромадкунандагон доир ба мавзуъҳои зикргардида саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар қисмати муҳокима раиси ташкилот суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эълон гардиданд.

Маҳз ҳамаи ин бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли комил ва қабули Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омадааст.