КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ОЛИМОН"-И ДДК БА НОМИ А. РӮДАКӢ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНИСТИТУТСИЯ АЗ ҶОНИБИ ТАҶРИБАОМӮЗОНИ ДОНИШГОҲ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  


КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ОЛИМОН"-И ДДК БА НОМИ А. РӮДАКӢ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНИСТИТУТСИЯ АЗ ҶОНИБИ ТАҶРИБАОМӮЗОНИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангии таҷрибаомӯзони ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 6-уми ноябр, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия-бахтномаи миллат” бо ҷалби хонандагони синфи 8-уми муассиса баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири бахши таҷрибаомӯзии донишгоҳ Бобоев Бахтовар, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, дотсент Холиқова Зайналбӣ, ҷонишини декан оид ба тарбия ва ҳамзамон роҳбари таҷрибаомӯзони факултет Назиров Мадалӣ, директори муассисаи мазкур Юсуфова Нилуфар ва дигар таҷрибаомӯзону хонандагони муассиса иштирок доштанд.

Чорабиниро директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 Юсуфова Нилуфар оғоз намуда, меҳмононро ба муассиса хайрамақдам гуфта, иштирокчиёнро бо барномаи чорабинӣ шинос намуд.

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи хонандагон маърӯзаҳо, қироати шеърҳо ва далелҳои аҷибе ба иштирокчиён дар боби Конститутсия пешниҳод гардид, ки бевосита хонандагон дар иҷрои онҳо фаъол буданд ва маҳорати хуберо нишон доданд.

Қайд кардан зурур аст, ки дар чорабинӣ аз ҷониби хонандагон саҳначаи ҳаҷвие пешниҳод шуд, ки мазмуни он аз пайдоиши тафаккури шуури инсон то пайдо гаштани қонун ва умуман инкишофи фаъолияти инсонро дар бар мегирифт.

Дар охир аз ҷониби таҷрибаомӯзон, ки муддатест ба хонандагони ин муассиса ҳамчун таҷрибаомӯз дарс мегӯянд, саволҳо доир ба бобу модаҳои Конститутсия ва тағйиру иловаҳо дар он дода шуд ва ҳар хонандае, ки ҷавоби саволҳоро пешниҳод намуд, соҳиби туҳфа гардид.

Дар ҷамъбаст декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ карда, аз корнамоии хонандагони изҳори қаноатмандӣ намуда, ба кори таҷрибаомӯзони факултет баҳои баланд доданд ва ба иштирокчиёни ин чорабинӣ миннатдории самимии хешро баён намуданд.