ТАШАББУСИ СОКИНОНИ ВАТАНДӮСТӢ ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо максади саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, беҳтар намудани вазъи роҳ ва ҳаракати нақлиёт баҳри сокинон бо ташаббуси сокини махаллаи А. Рӯдакии шаҳри Кӯлоб  роҳи дохилии маҳаллаи мазкур мумфарш гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки роҳи дохилии маҳаллаи мазкур барои сокинон ва техникаву нақлиёт дар фаслҳои гуногуни сол барои гаштугузор мушкилӣ эҷод мекард. Аз ин рӯ, барои беҳтар гардидани ин қисмати роҳ, бо ҷалби техникаҳои ёрирасони роҳсозӣ корҳо дар самти мумфаршкунӣ ба анҷом расонида шуд.

Раванди босуръати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳри Кӯлоб бозгӯи он аст, ки сокинони сарбаланди ин шаҳри бостонӣ иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри рушду нумуи ватан марҳила ба марҳила корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.