ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ – ИФТИХОРИ МАН!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷати ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “И.Сомонӣ-3” амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” бо иштироки масъулини ҳизбӣ гузаронида шуд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тибқи рӯйхат аз билетҳои ҳизбии кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда дидан намуданд ва дар идома ба як нафар ҷавони фаъол, ки аризаи худро барои аъзои ҲХДТ шудан пешниҳод карда буд, бо тантана соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ гардид.