МАҶЛИСИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “С.ШЕРОЗӢ”(МТМУ №5)

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С.Шерозӣ” мутобиқи дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз зумраи ҳуҷҷатҳои муҳиме мебошад, ки хусусият ва моҳияти бузурги иҷтимоӣ ва маънавӣ дошта, дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии фарзандон масъулияти волидайнро баланд мегардонад.