ОМӮЗИШИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ 

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизби дар соли 2023” гуруҳи корӣ дар ҳайати Сайвализода Салим Сайвалӣ – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатии деҳаи Лағмон” дидан намуд. 

Аз тарафи  гуруҳи корӣ ҳуҷҷатнигории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ омӯзиш  карда шуда ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастур дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлатҳои кутоҳтарин ислоҳ намуда ба КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ахборот пешниҳод намоянд.

 

Шуъбаи таблиғот, иттиллот

ва матбуоти КИ ҲХДТ

дар шаҳри Кӯлоб