ТАНЗИМ – БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ ва хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Маҷлиси мазкур бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” Асозода  Ҳотам оғоз гардид.

Қайд карда шуд, ки дар зарфи солҳои зиёд таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарофати заҳматҳои софдилонаи Ӯ дар роҳи таъмн намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Яке аз тадбирҳои муҳиме, аз ҷониби давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти олии мамлакат барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум андешида шуд, ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба хотири ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин, дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимому барҷомондагон равона шудааст, гуфта шуд дар идомаи суҳбат.

Илова гардид, ки бо вуҷуди фаҳмондадиҳиҳои зиёд ҳанӯз ҳам аз ҷониби шаҳрвандон ҳолатҳои риоя нагардидани талаботҳои қонуни мазкур ба мушоҳида мерасад. Дар ин замина таъкид шуд, ки бояд шаҳрвандон бо дарки баланди масъулият тибқи талаботҳои қонуни танзим ҷашну маросимҳои худро доир намояд.