ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “КАЁНИЁН” БО СОКИНОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 

Бо иштироки муовини  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Саймуминзода Фирӯз, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Каёниён”  Холмуродова Ҷамила ва дигар шахсони расмӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои Фирдавсӣ, Сино,Ҷомӣ,Якуми май,Навобод ва Асадулло Қурбонов доир карда шуд.

Саймуминзода Фирӯз зимни мулоқот ба сухан баромада, ҷиҳати самаранок истифода намудани нерӯи барқ, вусъати кишту кор дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баёни андеша намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби сокинон ба вакил саволу таклифҳо пешниҳод гардида, сокинон ба саволҳои худ  ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.