АНҶОМИ АМАЛҲОИ НЕКУ СОЗАНДА ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

АНҶОМИ АМАЛҲОИ НЕКУ СОЗАНДА ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

 

Бо иқдоми КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар сойи Тебалай бо иштироки 180 нафар сокинон аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксия 7 км сой аз партовҳои ҳархела, алафҳои худрӯйи хушкшуда тоза карда шуда, ба миқдори 6 м3 партовҳо ба партовгоҳи марказӣ бурда ва безарар гардонида шуд.

Инчунин, дар ин раванд бо аҳоли оид ба самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, аҳамият ва арзишнокии масъалаи таъминот бо оби тозаи ошомиданӣ ва бо ин васила ноил гардидан ба рушди устувор ва пешравии соҳаҳои хочагии халқ суҳбат гузаронида шуд.