СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ!

Зери чунин унвон ҳизбиён дар шаҳри Кӯлоб дар корҳои созандагиву ободонӣ мунтазам саҳмгузорӣ менамоянд.

Дар робита ба ин, ҳизбиён – сокинони маҳаллаи Куҳнашар-и шаҳри Кӯлоб  ҷиҳати рафту омади бемамонияти сокинон роҳҳои байни кӯчаро дастаҷамъона сангфарш намуданд.

Бояд гуфт, сокинони бонангу номус ва шахсони саховатпешаи ин  маҳалла пайваста тариқи ҳашар ҳар гӯшаеро обод меозанд, ки дар ин муддат бо дастгирии сокинон тариқи ҳашар дар ин маҳалла, корҳои зиёди созандагиву ободонӣ ба анҷом расонида шудааст.