СОАТИ СИЁСӢ ДАР МАВЗӮЪИ "ОМӮЗГОР РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ИНСОН"

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

СОАТИ СИЁСӢ ДАР МАВЗӮЪИ "ОМӮЗГОР РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ИНСОН"

Соати сиёсӣ дар мавзӯъи "Пешвои миллат-ҳомии забони миллӣ" бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Куҳнашаҳр".

Дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба баргузории Соатҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Куҳнашаҳр " дар мавзуи " Омӯзгор равшангари ҳаёти инсон " дарси сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар рафти соати сиёсӣ аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қайд гардид, ки   муаллим, устод, омӯзгор. Чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калон дорад. Ҳеҷ кас аз батни модар оқилу донишманд ба дунё наомадааст. Хизмати муаллим аст, ки устод Рӯдакиро чун шоири шоирон, ҳаким Фирдавсиро чун муаллифи асари безаволи «Шоҳнома», Айнӣ, Лоиқ, Турсунзода, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Фарзона, Кароматулло Олимов ва дигар адибони ҷовидон ба камол расонид.

Муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад. Агар он заҳматҳои устод намебуд, ҳама аз илму дониш дур мемонданду дунё тираву тор мегарднд.

Байни иштирокдорони «Соати сиёсӣ» саволу ҷавоб вобаста ба мавзў доир гардид, ки иштирокдорон  ба саволҳои худ посухҳои амиқ гирифтанд.