СОАТИ СИЁСӢ ДАР МАВЗӮЪИ "ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲОМИИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ"

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

СОАТИ СИЁСӢ ДАР МАВЗӮЪИ "ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲОМИИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ"

Соати сиёсӣ дар мавзӯъи "Пешвои миллат-ҳомии забони миллӣ" бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Осорхона".

Дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба баргузории Соатҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Осорхона" дар мавзуи "Пешвои миллат-ҳомии забони миллӣ" дарси сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар рафти соати сиёсӣ аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қайд гардид, ки Забон падидаи муҳимтарини фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳувияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва суннатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад.

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки ниёгони шарофатманди мо дар тўли таърихи дуру дароз, дар паҳнои васеи Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита барпо намудаанд, забони тоҷикиро аз тўфони рўзгорон ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба ояндагон мерос гузоштаанд.

Байни иштирокдорони «Соати сиёсӣ» саволу ҷавоб вобаста ба мавзў доир гардид, ки иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои амиқ гирифтанд.