ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «КӮҲНАШАҲР»

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯҳнашаҳр» хониши сиёсӣ дар мавзӯи Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Зулфов Муҳаммадҷон Илҳомҷонович ва дигар шахсони расми гузаронида шуд.  Саравал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Замонов Абдусаттор ба сухан баромада, ҳозиринро ва дар шахсияти ҳар яки онон тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ин ҷашни пурифтихор табрику таҳният гуфта, барои ҳама сихатӣ, солимӣ, пос доштани забони точикӣ ва дар ободонии кишвари азизамон бурдбориҳо таманно намуданд.

Баъдан Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Зулфов Муҳаммадҷон Илҳомҷонович оиди мавзуи Иди забон маъруза намуд. Ӯ кайд намуд, ки забони точикӣ яке аз забонҳои бостонтарини чахон ба шумор рафта ба хонаводаи забонхои хинду аврупои, порсӣ-тоҷикӣ ва порсӣ-дарӣ дар асл форсӣ-порсӣ мебошад, ба забонхои эронӣ дохил мешавад. Давраи нави инкишофи он дар асрхои VII-VIII сар шудааст.

Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Абуабдуллохи Рудакӣ., Абулкосими Фирдавсӣ., Умари Хайём., Абуали ибни Сино., Абдурахмони Ҷомӣ., Садриддин Айнӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд. Забони точикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони он ворид мешаванд. Барои ҳамин моро зарур аст, ки бо забони аҷдодии худ ба назари эҳтиром нигариста онро пос дорем. Чунки ҳастии ҳар як давлату миллатро аз доштани забон, парчам, нишон ва суруди миллиаш мешиносанд.