ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ВАТАН”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  доираи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ватан» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар ин маҷлис мудиои шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Зулҷов Муҳаммадҷон  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Абдуллозода Рустам  ва дигар шахсони расмӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ватан” ба сухан баромада, қайд кард, ки имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Инчунин дар мавзӯҳои  'Ҷалби ҷавонон ба хизмати харбӣ", " Пешгири аз шомил шавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои терористӣ ва экстемистӣ" ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбат намуданд.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиён суолҳо пешниҳод карда шуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Шуъбаи таблиғот, иттилоот

ва матбуоти КИ ҲХДТ

дар шаҳри Кӯлоб