КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БАХШИДА БА 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАМОАТӢ ДЕҲОТИ КӮЛОБ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҷамоати деҳоти Кӯлоб деҳаи Тудакафш бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ майдончаи варзиши сохта шуда истодааст.

Имрӯз бояд ҳамаи мо шукрона аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоем, ки чунин майдончаи варзиширо барои фарзандони мо сохта ба истифода медиҳанд.

Дар ҷавоби ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо вазифадорем, ки фарзандони худро дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намуда дар оянда бо донишу маҳорат ва дастовардҳои назаррас хизмати содиқонаву софдилонаро анҷом диҳанд.

        

Шуъбаи таблиғот, иттиллот

ва матбуоти КИ ҲХДТ

дар шаҳри Кӯлоб