ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "МАРКАЗИ ХУН"

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази хун” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Зулфов Муҳаммадҷон вохӯрӣ доир гардид.

Аснои вохӯрӣ аз ҷониби масъули ҳизбӣ қайд гардид, ки ҲХДТ бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд.

Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд: Танзими ҳаракати аъзои ҳизб, зиёд кардани сафи аъзои ҳизб, супоридани саривақтии аъзоҳаққӣ, саҳм гузоштан дар рушди фаъолияти ҲХДТ.