СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ДАР ТИҲ “МАРКАЗИ ТРОПИКӢ”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Тибқи нақшаи суҳбату вохӯриҳои  КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тропикӣ” маҷлис роҳандозӣ кара шуд.

Зимни ин ин вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Умар ва Зулфов Муҳаммадҷон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ин вохурӣ кормандони ҳизб баромад карда, ҳозиринро ба 32-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Миллати тоҷик ин санаи муҳими таърихиро асоси сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, пешравии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, барқарории адолати ичтимоӣ, инчунин осоиштагии мардуми тоҷик дониста, нисбати ин бахтномаи миллат эҳтироми бузург доранд.