АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тантанаҳои Истиқлолият идома дорад. Дар ҳошияи дастуру супоришҳои ҳамарӯзаи роҳбарияти болоии ҲХДТ ба ифтихори таҷлили 32 - солгии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим Сайвалӣ, Шоири халқии Тоҷикистон – Ҳақназар Ғоиб, Аълочии маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гурез Иброҳим, Корманди шоистаи Тоҷикистон – Шоҳинов Ҳасан, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Аълочии маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон - Нозимов  Талабхуҷа ва собиқ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Саъбагул Валиева - ро аёдат карда шуданд. Собиқадорон шукургузорӣ аз даврони Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, нисбати ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуда, баҳри осоиш ва гул-гулшукуфоии ҷовидонаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дасти дуо кушоданд.