ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ТОҶИКИСТОН ҚАРЗИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Хониши сиёсӣ дар такшкилоти ибтидоии ҳизбии “Зиракӣ-2” вобаста ба самтҳои афзалиятноки КИ ҲХДТ вобаста ба маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ бо иштироки мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб доир карда шуд.

Дар чорабинии сиёсӣ корманди масъули ҳизб суханронӣ намуда, гуфт, ки  имрӯзҳо дида мешавад, ки ҷавонони ватандӯст ва бо нангу номуси шаҳри Кӯлоб ба сафи Артиши миллӣ пайваста хизмати модар – ватанро сарбаландона иҷро карда истодаанд. Зеро ҷавонон имрӯз дарк кардаанд, ки ҳимояи шарафу номуси наздикон ва марзи Тоҷикистон бар души онҳост, аз инрӯ хизмати ватан барои ҳар як ҷовони бо нангу номус қарз буда, барои сарбаландона адо намудани хизмати модар-ватан бояд ҷавонон ҳаматарафа омода бошанд. Инчунин, гуфта шуд, ки ҷавононе ба сафи Артиш дохилшуда, адои хизмат мекунанд, омили асосии нигоҳдории сулҳу оромӣ  дар кишвари азизамон мебошанд.