НАШЪАМАНДӢ ТАҲДИД БА СОЛИМИИ НАСЛИ МИНБАЪДА                   

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Парастор" бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоева Дилноза ба сухан баромада, қайд намуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди бемайлони илму техника қарор дорад. Пешрафту шукуфоии оламро бе донишу маърифат наметавон тасаввур кард. Қисме аз мамолики пешқадами дунё бо фарогирии нерӯҳои ақлонию эҷодӣ мушкилоти молиявиро ҳал намуда бошанд ҳам, аз нигоҳи падидаҳои номатлубе мисли нашъмандӣ изҳори ташвиш менамоянд. Зеро давра ба давра зиёд гардидани шумораи он насли ҷомеаро халалдор гардонида, сиҳатии насли минбаъдаро зери шубҳа мегузорад. Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки бархе аз ҷавонон ба истифодаи чунин маводҳои нашъовар зиёд даст мезананд, яъне дар ҳолати нооромӣ, хашмгинӣ аз ин гуна маводҳо истифода мебаранд. Онҳо фикри солимии хеш ва  ҷомеаро накарда, ба худ ва ҷомеа зарарҳои манфӣ мерасонанд.

Дар фарҷом таъкид шуд, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро зарур аст, ки ҷиҳати мубориза бар зидди ин вабои аср дастаҷамъона мубориза барем ва ба ин восита дар ин самт саҳми худро гузорем.