МЕСАЗАД  БО АМАЛҲОИ СОЗАНДА СОДИҚ БУДАНИ ХУДРО ДАР НАЗДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ СОБИТ НАМОЕМ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб пайваста бо амалҳои созанда содиқ будани худро дар назди давлату миллат собит намуда истодаанд.

Ҷиҳати саҳм гузоштан дар баланд бардоштани  сатҳу сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон бо дастгирии  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён” синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 таъмир карда шуд.