ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ МАҲАЛ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саодат” бо мақсади ободу зебо гардонидани саҳни корхона шанбегӣ доир карда шуд. Дар ин рӯз аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҷиҳати рушду ободонии коргоҳи худ ба ҳашари умумӣ баромада, баҳри зебо гардонии гӯшаву канори шаҳрамон садоқатмандона меҳнат намуда, тамоми майдонҳои атрофи коргоҳро тоза намуда, саҳни корхонаро сарсабзу хуррам ва тозаю озода нигоҳ медоранд.