ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ЛКТ - 22»

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ЛКТ - 22» - и ҷ/д Даҳанаи шаҳри Кулоб бо саҳмгузории аъзои фаъоли ҲХДТ корҳои таъмиру азнавсозии сифхонаҳо ва хобгоҳи муассиса идома дошта, то имрӯз алакай аксари синфхонаҳои муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. То оғози соли хониши нав қисмати рангуборнамоии ба итмом расида корҳои дигари таъмири идома доранд. Айни ҳол барои анҷом додани корҳои таъмиру азнавсози қисмати берунии синфхонаҳо дар муассисаҳо ҳамаи маҳсулоти сохтмонӣ дастрас буда, корҳо бо маром ҷараён доранд. Корҳои азнавсозӣ ва рангу бори муассисаро дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон роҳандози карда шуда истодааст.